Аъзои бонуфузи Конгресc аз Раҳмон хостанд, фишорро ба "Озодӣ" бас кунад
     TJ RU EN
06:12 / 2024-12-20

Аъзои бонуфузи Конгресc аз Раҳмон хостанд, фишорро ба "Озодӣ" бас кунад

Ҳашт узви бонуфузи Конгресси Иёлоти Муттаҳида аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, хостаанд, ки ба поён ёфтани фишору бадрафторӣ ва таҳдидҳо нисбати хабарнигорони Радиои Озодӣ ва аҳли хонаводаи онҳо мусоидат кунад.

Онҳо дар номае рӯзи 29-уми октябри имсол гуфтаанд: "Ҳамчун аъзои Конгресси ИМА, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро сармоягузорӣ мекунад, аз хабарҳои мерасида дар бораи ҳамлаҳо ва мушкилофарӣ барои кормандони Радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ мекунем. Мо аз идома ёфтани он амалҳое, ки дар бораашон ду сол пеш садо баланд карда будем, нороҳат ҳастем ва онҳо ба муносибатҳои Амрико бо Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳанд дошт."

Зери нома қонунгузорон -- Адам Шифф, Стив Чабот, Кэролайн Мэлони, Крис Смит, Дэвид Чичиллин, Ҷейми Раскин, Брайан Фитспатрик ва Рон Кинд -- имзо гузоштаанд.

Намояндаи Ҳизби Демократ Адам Шифф ва намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Стив Чабот моҳи апрели соли 2020 низ дар бораи "идомаи таҳдидҳо" ва бархӯрди нодуруст бо хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристода буданд.

Онҳо ва ҳамкорони дигарашон ин дафъа хитоб ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд, "бо вуҷуди изҳороти оммавии Шумо ва ҳукумататон дар бораи қабули арзишҳои демократӣ ва озодии матбуот, хабарнигорони Радиои Озодӣ ва аъзои оилаи онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар зери фишори ҷиддии мақомот, аз ҷумла таҳдидҳои ҷисмонӣ, ҳастанд."

Конгрессменҳо мушкилоти хабарнигорони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон чунин баршумурдаанд:

  • Маъмурони амниятӣ зуд-зуд ба ҷойи кор ва хонаҳои хабарнигорони Озодӣ рафта, исрор меварзанд, ки иртиботи худро бо радио бас кунанд. Дар акси ҳол, бо пайомадҳои сахтгирона дучор хоҳанд шуд. Амниятиҳо дар вақтҳои муайян ба назди пайвандони хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ба ҷойи кори онҳо мераванд, ки тактикаи дигари тарс додан аст.
  • Радиои Озодӣ чанд мавридеро сабт кардааст, ки маъмурони амниятӣ ба ҷойи кори наздикони хабарнигорон рафта, ба онҳо фишор овардаанд, то хешовандонашон аз кор дар Радиои Озодӣ даст кашанд, вагарна оқибати хуб нахоҳад дошт.
  • Ба назар мерасад, ҳукумат бо истифода аз парвонаи кор (аккредитатсия) ва фишор ба интихоби кадрҳои Радиои Озодӣ таъсир мерасонад. Масалан, дар ҳоли ҳозир радди аккредитатсия ба камияш ба ҳамкории ҳашт хабарнигор бо Радиои Озодӣ таъсир гузоштааст. Ҳукумат ҳамчунин бар хилофи қонунҳои Тоҷикистон исрор дорад, ки тамоми кормандони фаннии Радиои Озодӣ, аз ҷумла ронандаву фаррош, низ иҷозаномаи кор бигиранд.
  • Илова бар ин, амалкарди ҳозираи ҳукумат ба он оварда расонд, ки дар аксар маврид рӯзноманигорони Радиои Озодӣ ҳамагӣ барои се моҳ парвонаи кор мегиранд. Бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки дар расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд, бояд барои як сол аккредитатсия шаванд. Баръакс, хабарнигороне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон сафар мекунанд, иҷозаи кор барои се моҳро доранд.
  • Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2019 ба ҳеч гуна таҷрибаомӯзӣ дар Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе иҷоза надодааст. Чунин рафтор ба тавоноии Радиои Озодӣ барои кор бо рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва рушди онҳо, ки қодир ҳастанд, ба мухотабони худ дар Тоҷикистон пурмаҳсул хидмат кунанд, таъсир мегузорад.

Аъзои бонуфузи Конгресси Амрико дар хулосаи худ фаъолияти озоди расонаҳоро ҷузъе аз ҳаёти як ҷомеаи боз донистаанд. Онҳо мегӯянд, "бори дигар аз Шумо мехоҳем, ки барои фаъолияти озоди Радиои Озодӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, тамоми кормандони он ба таври фаврӣ аккредитатсия карда шаванд."

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Душанбе дафтари корӣ дорад, яке аз сарчашмаҳои камшумори ахбори дақиқ дар Тоҷикистон аст. Ин расона бо гузоришгарӣ дар бораи мавзуъҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз бозтоби онҳо чашм мепӯшанд, тавонистааст, шумори азиме аз мухотабонро ба худ ҷазб кунад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо такя ба шабакае аз гузоришгарони маҳаллӣ бо 26 забон барои миллионҳо нафар дар 22 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, иттилоърасонӣ мекунад. Дар бисёре аз ин кишварҳо озодии матбуот маҳдуд аст ё расонаҳои ҳирфаӣ ҳанӯз ба камол нарасидаанд. Тоҷикистон яке аз онҳост, ки дар шохис ё индекси озодии матбуот дар ҷаҳон дар ҷойи 162-юм аст.

https://www.centralasian.org/a/31557914.html?ltflags=mailer


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима